Мафҳуми молияи корхонаҳо ва ҳолати молиявии онҳо

Автор: Пользователь скрыл имя, 24 Октября 2013 в 12:11, курсовая работа

Описание работы

Мафҳуми молия ҳануз дар шаҳрҳои калони тиҷоратии Италия дар қарни XII ба миён омада, ҳамагуна муносибатҳои бо пул алоқамандро ифода менамуд.

Содержание

Сарсухан
Моҳият ва вазифаҳои молияи корхонаҳо
Даромадҳои корхонаҳо ва ҷараёни истифодаи онҳо
Банақшагирии молиявӣ дар корхонаҳо
Хулоса
Руйхати адабиётҳои истифодашуда

Работа содержит 1 файл

Мафҳуми молияи корхонаҳо ва ҳолати молиявии онҳо.doc

— 149.00 Кб (Скачать)

 

 

 

5. Банақшагирии молиявӣ дар корхонаҳо

Корхона дар  шароити муосир тавассути нақшаи молиявӣ роҳҳои истифодабариро аз фоидае, ки баъди пардохти андозҳо дар ихтиёраш боқӣ мемонад, муайян менамояд.

Ҳадаф аз таҳия намудани нақшаи молиявӣ, аз муайян намудани ҳаҷмӣ муносибатҳои молиявии имкондоштаи корхона ва инчунин аз сармояву захираҳои дар асоси пешбиниҳои молиявии  мизоҷон тартиб дода мешаванд. Нуқтаи муҳими банақшагирии молиявӣ ба роҳ  мондани роҳбурди (стратегияи) асосии он – яъне, мушаххас муайян намудани марказҳои даромад (фоида) ва марказҳои харҷи субъектҳои хоҷагидорӣ мебошад. Маркази даромадҳои субъектҳои хоҷагидорӣ – ин воҳидҳое мебошанд, ки фоидаро пешакӣ муайян менамоянд. Марказҳои харҷ – ин воҳиди субъектҳои хоҷагидорие мебошанд, ки нафъи кам доранд ё куллан воҳидҳои тиҷоратӣ нестанд, аммо дар раванди умумии тавлиди фоида – нақши муҳим мебозанд.

Банақшагирии молиявӣ дар корхона барои 5 сол, як сол ва семоҳа (квартал) ташкил карда мешавад. Мутобиқ ба ин, нақшаҳои ояндабинӣ (стратегӣ ва аз ҷумла панҷсола), ҷорӣ ва амалиётӣ мешаванд. Нақшаи молиявии ояндабинӣ нишондиҳандаҳои асоситарин, таносуб ва суръати тавлиди доимии васеъро талаб менамояд. Нақшаи панҷсола – шакли асосии ба амал баровардани ҳадаф ва вазифаҳои тараққиёти корхона, стратегияи маблағгузориҳо  ва андухтҳои пешбинишаванда  мебошанд.

Нақшаи молиявии ояндабинӣ, одатан сирри тиҷоратии корхонаро дар бар мегирад.

Банақшагирии молиявии ҷорӣ, ин пеш аз ҳама аз даромаду хароҷотҳои солона ва сохтани сметаи харҷкунии фондҳои маблағҳои пулӣ, фонди музди меҳнат, фондҳои маблағҳои ба инкишоф ва такмили истеҳсолот равонашаванда (фонди андӯхт), фонди таъиноти иҷтимоӣ дошта, фонди захираҳо ва аз фондҳои дигар иборат мебошанд. Нақшаҳои ҷории молиявӣ дар асоси нақшаҳои ояндабинӣ ва ба тариқи мушаххас ва дақиқ муаян намудани ҷузъҳои он сохта мешаванд. Дар ин маврид, ҳар яке аз намудҳои маблағгузорӣ ё фондҳо бо сарчашмаи таъмини молиявии он пайваст карда мешаванд.

Банақшагирии молияви аз амалиётҳои аз тартиб додан ва ба кор андохтани тақвими пардохтӣ – санади молиявии муфассал, аз гардиши амалиётҳои пулии корхонаро инъикос менамояд, иборат мебошанд. Азбаски тамоми гардиши маблағҳои пулӣ бо тариқи  суратҳисоб тасвир карда мешаванд, аз ин рӯ дар тақвими пардохти  ҳаракати воридшавӣ ва истифодабарии маблағҳои пулӣ нишон дода мешаванд. Тақвими пардохтӣ маблағгузории бетаъхир буда, иҷроиши ӯҳдадориҳои ҳисобиву пардохтиро таъмин намуда, тағйироти дар қобилияти пардохтии корхона ба вуҷуд омадаро таъмин намуда, имконият медиҳад, ки вазъияти маблағҳои худӣ ба назорат гирифта шавад ва инчунин дар мавриди зарурӣ қарзи бонкӣ ё тиҷоратӣ бо вомбаргҳо гирифта шаванд.

 

 

Таҳия ва ба кор бурдани тақвими пардохтӣ аз адо намудани вазифаҳои тақсимкунӣ ва назорати молиявии корхона ба ҳисоб мераванд.

Муқоисаи тақвимҳои пардохтии семоҳа тамоюлотҳоеро, ки дар фаъолияти корхона руй медиҳад, ошкор менамояд. Натиҷаҳои таҳлил барои тартиб додани нақшаи молиявӣ истифода бурда мешаванд. Ба нақшаи молиявии корхона ҷадвали санҷишии фаъолияти корхона замима карда мешавад.

Корхона барои  таъмини молиявии маблағгузориҳои асоси ҷалб кардани қарзҳоеро, ки аз рӯи низоми баҳрабардорӣ ба захираҳои молиявӣ дохил мешаванд, ба нақша  мегирад.

 

 

ХУЛОСА

Роҳбарияти  корхона ҳама вақт сари интихоби роҳҳои инкишоф меистад. Бинобар ин, вай  бояд нархи самараноки фурушро интихоб  намуда, дар соҳаи сиёсати қарзӣ  ва сармоягузорӣ бояд қарори мувофиқ  қабул намояд.

Бояд чунин  натиҷае ба даст ояд, ки фаъолияти корхона даромаднокии баланд дошта бошад ва маблағҳои пулиро дар чунин ҳаҷм таъмин намояд, ки талаботи нафарони ба натиҷаи фаъолияти корхона манфиатдорро қонеъ гардонад. Тафсири натиҷаҳои интизоршавандаи фаъолияти иқтисодӣ дар давраи оянда дар ҳолати таҳияи буҷети корхона ҷой дорад.

Таҷриба нишон  медиҳад, ки ба захираҳои молиявӣ, корхонаҳо дар нақшаҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддат эҳтиёҷманданд. Сарчашмаҳои асосии пайдо кардани онҳо маблағҳои худии корхона ва вомҳо буда метавонанд.

Ба маблағҳои  худии корхонаҳо сармояи оинномавӣ; сармояи изофа; сармояи захиравӣ; фонди захиравӣ; фондҳои андухт; маблағгузориҳои воридоти ҳадафманд; маблағҳо аз ташкилот ва ашхоси хусусии дигар; ӯҳдадориҳои иҷоравӣ фоидаи тақсимнашудаи солҳои гузашта; фоида аз соли ҳисоботӣ, истифодашуда ва тақсимнашудаи соли ҳисоботӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Қоидаҳои умумие мавҷуд нест, ки дараҷаи мушаххассозии  буҷети корхонаро муқарар намоянд. Дар навбати аввал он ба андозаи  устувории дараҷаи ҳисобҳои таҳияшаванда вобаста аст. Ғайр аз ин, дар ҳар як корхона дараҷаи зарурии мушаххасгардонии буҷа барои таъмини ҳамоҳангии амалиётҳои банақшагирифташудаи алохида бояд баҳо дода шавад.

 

Рӯихати адабиётҳои истифодашуда

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи бонки миллии Тоҷикистон» Душанбе 1997.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» Душанбе 1998.
  3. Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои солҳои 2003-2005».
  4. Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»Душанбе 1995.
  5. Қонуни ҶТ «Дар бораи қоғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ»Душанбе 1998.
  6. Қонуни ҶТ «Дар бораи инвеститсияҳои хориҷӣ дар ҶТ» 10-марти соли 1992.
  7. Қонуни ҶТ «Дар бораи қарзи давлатӣ ва кафолатҳое, ки аз тарафи давлат дода мешавад» Душанбе 2001.
  8. Қонуни ҶТ «Дар бораи молияи давлатии ҶТ» Душанбе 2002.
  9. Қонуни ҶТ «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар ҶТ» Душанбе 2002.
  10. Кодекси андози ҶТ. Душанбе 2004.
  11. Молияи Тоҷикистон маҷмӯи оморӣ. Душанбе 2005.
  12. Формирование и развитие финансового рынка в условиях рыночной экономики Республики Таджикистан. З.Рахимов, С.Зубайдов. Ирфон 2005.
  13. «Финансовый менеджмент» С.Б.Пряничков. Нижний Новгород НОВО 2005.
  14. «Введение в страхование» В.В.Шахов. Масква «Финансы и статистика» 2000.
  15. «Личние финансы» А.Пакудов. Вершина Москва 2006.
  16. «Финансы пердеприятий» Р.Г.Попова, И.Н.Самонова, И.И.Добросердова. Москва, Санкт - Петербург, Нижний Новгород, Варонеж, Ростов –на –дону, Екатеренбург, Самара, Новосибирск, Киев, Харьков, Минск 2005.
  17. «Финансовое планирование на предприятии». О.Н.Лихачева. Проспект Москва 2005.
  18. «Финансы фирмы». А.М.Ковалева, М.Г.Лапуста, Л.Г.Скамай. Москва ИНФРА –М 2005.
  19. «Общая теория финансов» Л.А.Дробозиной. Москва «Банки и биржи» «ЮНИТИ» 1995.

 

 


Информация о работе Мафҳуми молияи корхонаҳо ва ҳолати молиявии онҳо