Автор: Пользователь скрыл имя, 24 Октября 2013 в 12:11, курсовая работа
Мафҳуми молия ҳануз дар шаҳрҳои калони тиҷоратии Италия дар қарни XII ба миён омада, ҳамагуна муносибатҳои бо пул алоқамандро ифода менамуд.
Сарсухан
Моҳият ва вазифаҳои молияи корхонаҳо
Даромадҳои корхонаҳо ва ҷараёни истифодаи онҳо
Банақшагирии молиявӣ дар корхонаҳо
Хулоса
Руйхати адабиётҳои истифодашуда
НАҚШАИ КОР
Сарсухан
Хулоса
Руйхати адабиётҳои истифодашуда
САРСУХАН
Мафҳуми молия ҳануз дар шаҳрҳои калони тиҷоратии Италия дар қарни XII ба миён омада, ҳамагуна муносибатҳои бо пул алоқамандро ифода менамуд.
Минбаъд баробари инкишоф ва пешрафти ҷомеаи инсонӣ мафҳуми молия нисбатан васеъ паҳн шуда, ба мафҳуми байналхалқӣ табдил ёфт. Молия ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ дорои моҳият ва мазмуни мустақил ва шакли хоси ифодаи муносибатҳои пулӣ мебошад. Молия ҳамеша шакли ифодаи пулӣ дошта, раванди гардиши пул ва гардиши боигариҳои маблағгузоришавандаро ифода мекунад.
Зери мафҳуми молия тамоми тадбир ва андешаҳои субъектҳои иқтисодӣ оид ба ташкил ва истифодаи фондҳои пулии таъиноти хосдошта, ки мавриди тақсим ва азнавтақсимкунии маҷмуи маҳсулоти миллӣ ва даромади миллӣ ба вуҷуд меоянд, фаҳмида мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки молия дар асоси муносибатҳои пулӣ сурат мегирад. Дар навбати худ пул, воситаҳои пулӣ ва фонди пулӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Пул эквиваленти умумии ҳамаи молҳо буда, моҳияти он дар асоси иҷрои вазифаҳояш зоҳир мегардад.
Дар аснои харидан ва фурӯхтани моли тайёр аз ҷониби корхона пул на ба сифати муносибатҳои молиявӣ, балки муносибатҳои пулӣ баромад мекунад. Бояд қайд намуд, ки аз руи хусусияти пайдоиш молия дар асоси муносибатҳои пулӣ ба вуҷуд меояд, аммо на ҳамаи муносибатҳои пулӣ, муносибатҳои молиявӣ шуда метавонанд.
Фондҳои пулӣ азбаски қисми махсусгаштаи муносибатҳои пулӣ буда, таъиноти хоси мақсадноки истифодабарӣ доранд, дар ин мазмун онҳо муносибатҳои молиявиро ифода менамоянд. Масалан, корхона пулӣ аз фурӯши маҳсулоти ба даст омадаро бо мақсади таъмини раванди такрористеҳсол ба фондҳои пулии истифодаи мақсаднок табдил медиҳад. бо ибораи дигар пули дар ҳисоб буда ба фонди барқароркунӣ, фонди истеъмол ва фонди андӯхт ҷудо карда мешавад.
Тақсиму азнавтақсимкунии арзиш бо ёрии молия, ҳатман бо гардиши пул анҷом ёфта, шакли минбаъдаи молиявиро мегирад. Аз ин ҷиҳат, захираҳои молиявӣ ифодагари муносибатҳои молиявӣ мегарданд.
Муносибатҳои молиявӣ ҳамеша бо ташкили даромадҳои пулӣ ва андухт, ки шакли захираҳои молиявиро доранд, бунёд мегарданд ва онҳо барои ҳамаи низомҳои иқтисодӣ хос мебошанд.
Ташкил ва истифодаи фондҳои пулии таъиноти хосдошта таносуби муайянеро дар корхонаҳо ва умуман, иқтисодиёт фароҳам меорад, ки яке аз аломатҳои молия ба ҳисоб меравад.
Мазмуни молия
на танҳо бо ёрии мафҳумҳои умумӣ,
балки мафҳумҳои ҷузъи-
Моҳияти молия ба воситаи мафҳумҳои даромад, фоида, даромаднокӣ, арзиши аслӣ, воситаҳои асосию гардон, истеҳлок, зарар ва ғайра зохир мегардад.
Дар шароити
иқтисодиёти бозаргонӣ
1 Моҳият ва вазифаҳои молияи корхонаҳо
Омӯзиши молияи корхонаҳо дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ яке аз проблемаҳои муҳим мебошад, чунки мақсади асосии ҳар як корхона, пеш аз ҳама ба даст овардани фоида мебошад. Ин мақсад бо таъмини молиявии ҷараёни истеҳсолот, интихоби тарафҳои истифодабарии захираҳои молиявӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ амалӣ мегарданд. Муваффақиятҳои кори корхонаҳои тиҷоратӣ пеш аз ҳама аз захираҳои молиявии онҳо вобастагии калон доранд.
Молияи корхона ин маҷмӯи муносибатҳои иқтисодие мебошад, ки дар гардиши маблағҳои пулӣ оид ба ташкил, тақсим ва истифодабарии захираҳои молиявӣ ба вуҷуд меоянд.
Гардиши маблағҳои пулӣ –ин ҷараёни иқтисодиест, ки арзишро ба вуҷуд меорад ва силсилаи пардохти маблағҳои пулӣ ва ҳисобу китоби онро ба танзим медарорад.
Субъекти асосие, ки қарори молиявии асосиро қабул менамояд, соҳиби моликият мебошад. Шахси асосие, ки ин қарорҳоро иҷро менамояд ва вазифаҳои тактикиро иҷро менамояд, кормандони молияи корхона мебошанд.
Моҳияти молияи корхонаҳо ҳамчун категорияи иқтисодӣ, дар иҷрои вазифаҳояшон зоҳир мегарданд.
Оиди вазифаҳои молияи корхонаҳо дар адабиётҳои иқтисодӣ ду равияи (мавқеи) асоси ҷой доранд.
Мувофиқи мавқеи якӯм молияи корхонаҳо ду вазифаро иҷро менамоянд; – тақсимкунӣ ва назоратӣ;
Мавқеи дуюм, вазифаи иловагиро ба ғайр аз ин вазифаҳо пешниҳод менамояд, ки ин вазифаи таъминкунанда ё захиракунанда мебошад. Ба ақидаи иқтисодшиносон мавқеи дуюм асосноктар ва пурратар мебошад, чунки мувофиқи он молияи корхонаҳо се вазифаро иҷро менамояд:
1. Таъминкунанда;
2. Тақсимкунанда;
3. Назораткунанда.
Вазифаи таъминӣ, ташкили системаи маблағҳои пулии заруриро аз ҳар гуна сарчашмаҳо, барои таъмини фаъолияти ҷории корхонаҳо ва амаликунонии мақсадҳои стратегиро дар бар мегирад.
Вазифаи тақсими молияи корхона пеш аз ҳама ҳангоми тақсимнамоии маблағҳои мавҷуда истифода бурда мешавад. Корхонаҳо аз маблағҳои пулии худ истифода бурда, ашёи хом ба даст меоранд ва онро коркард намуда, маҳсулоти тайёрро ба бозор пешниҳод менамоянд. ҳангоми фурӯши маҳсулот даромад ба даст меоранд ва аз он хароҷотҳои истеҳсолотро тарҳ намуда, маблағи зиёдатиро ҳамчун андоз ба буҷет, ба фондҳои захиравӣ, ба фонди истеҳсолот ба фонди ҳавасмангардонии кормандон ва ғайраҳо тақсим менамояд.
Вазифаи назоратӣ дар корхона вазифаи муҳими корхона ба шумор рафта, назоратро аз рӯи захираҳои худӣ ва қарзӣ, истифодаи онҳо, барқароркунии онҳо, умуман аз рӯи тамоми фаъолияти молиявии корхона амалӣ мегардонанд. Вазифаи назоратии корхона барои ба натиҷаҳои дилхоҳ, аз рӯи нақшаҳои молиявӣ расидан гузаронида мешаванд.
Молияи корхона ва ташкилотҳои тиҷоратӣ ин муносибатҳои иқтисодие мебошанд, ки дар ҷараёни ташкилкунии фондҳои истеҳсолӣ, аз фурӯши маҳсулот, ташкилкунии захираҳои молиявии худӣ, ҷалб намудани сарчашмаҳои молиякунонии берунӣ, тақсимкунӣ ва истифодабарии онҳо ба амал меоянд. Чунин муносибатҳои иқтисодиро дар бисёр мавридҳо муносибатҳои воситаҳои пулӣ ё муносибатҳои молиявӣ низ меноманд.
Муносибатҳои молиявии корхонаю ташкилотҳо аз рӯи хусусиятҳояшон ба чунин гурӯҳҳо тақсим мешаванд:
Муносибатҳои молиявие, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани даромадҳо, ташкилёбӣ ва истифодабарии фондҳои мақсадноки истеҳсолоти моддӣ дар дохили хоҷагӣ ба вуҷуд меоянд, қисме аз ин фондҳо барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот истифода бурда мешаванд. Қисми дигараш бошад, барои фондҳои истеъмолӣ ба кор бурда мешаванд.
Муносибатҳои молиявие, ки дар байни корхонаҳо ва ташкилотҳо ба вуҷуд меоянд ва ин муносибатҳо хусусиятҳои тақсимкунӣ ва доду гирифтиро дошта бошанд.
Муносибатҳои молиявии байни корхонаҳо ва мақомотҳои суғурта, ҳангоми ба вуҷуд овардан ва истифодабарии намудҳои гуногуни фондҳои суғуртавӣ.
Муносибатҳои молиявии байни корхона ва давлат ҳангоми пардохтҳои андоз ба буҷет ва фондҳои марказонидаи ғайрибуҷетӣ.
Муносибатҳои молиявии корхонаҳо бо бонкҳо дар вақти гирифтани қарзи бонкӣ, пӯшонидани қарзҳо, кушодани суратҳисоб, ва ғайраҳо ба амал меоянд.
Муносибатҳои молиявии корхонаҳо бо бонк ҳангоми истифодабарии маблағҳои озоди пулии худи корхонаҳо.
Муносибатҳои молиявии байни корхонаҳо ва аҳолӣ ҳангоми пардохти музди меҳнат ва дигар шаклҳои муносибатҳои пулӣ.
Муносибатҳои молиявии корхонаҳо ва ташкилотҳои тиҷоратӣ дар асоси принсипҳои зерин ташкил карда мешаванд: мустақилияти хоҷагидорӣ, худмолиякунонӣ, ҳавасмандии моддӣ, ҷавобгарии моддӣ ва таъминкунӣ бо захираҳои молиявӣ.
Моҳияти принсипи мустақилият дар он мебошад, ки субъектҳои хоҷагидорӣ новобаста аз шакли моликияташон хароҷотҳои худро муайян месозанд ва сарчашмаҳои молиякунонияшонро дар кадом самте, ки набошад, худашон муайян менамоянд.
Моҳияти принсипи худмолиякунонӣ дар он мебошад, ки корхона метавонад аз ҳисоби худ, яъне аз даромади худ ҳамаи хароҷотҳояшро пӯшонад ва илова бар ин фоидаи зиёдатӣ гирад ва ба рақобатҳо тобовар бошанд.
Худмаблағгузорӣ ҳамон маъноро дорад, ки рӯйпушкунонии ҳамаи хароҷотҳо барои истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, маблағгузорӣ дар истеҳсолот аз ҳисоби воситаҳои худии корхонаҳо ва ҳангоми зарур будани маблағҳои пулӣ аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ ва корхонаҳои тиҷорати руйпуш карда мешаванд.
Зарурияти ҳавасмандгардонии моддӣ бошад, ин пеш аз ҳама ба даст овардани фоида мебошад. ҳавасмандӣ дар натиҷаи фаъолияти самараноки хоҷагидорӣ дар як дараҷаи баробар, бо ҳамаи аъзоёни корхонаҳо ва ташкилотҳо, коркунони алоҳида ва давлат хос мебошанд.
Ҷавобгарии моддӣ ин вуҷуд доштани низоми муайяни масъулиятдошта, ки дар натиҷаи фаъолияти молиявии хоҷагидори муайян карда мешавад.
Усулҳои молиявии паҳнкунӣ ва иҷрои ин принсип барои субъектҳои хоҷагидорӣ, роҳбарон ва коргарони алоҳида хос мебошанд. Дар тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ ин принсипҳо ба воситаи ҷаримаи аҳдшиканӣ, ҷаримаҳое, ки ҳангоми вайронкунии иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавӣ, сари вақт барнагардонидани қарзҳои гирифташуда, вайронкунии қонунгузории андоз пешбинӣ шудаанд.
Таъминкунии захираҳои молиявӣ, ин пеш аз ҳама ба ташкилкунии захираҳои молиявӣ ва дигар фондҳое, ки дар вақти фаъолияти корхонаҳо ҳама вақт ба тавакал пайваст мебошанд, алоқамандан.
Чуноне, ки таҷриба нишон медиҳад ба маблағҳои молиявӣ корхонаҳо дар нақшаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат эҳтиёҷманд мешаванд. Сарчашмаҳои асосии пайдо кардани онҳо маблағҳои худии корхона ва вомҳо шуда метавонанд.
Ба маблағҳои худии корхонаҳо шомилшаванда сармояи оинномавӣ; сармояи изофа; сармояи захиравӣ; фонди захиравӣ; фондҳои андухт; маблағгузориҳои воридоти ҳадафманд; маблағҳо аз ташкилот ва ашхоси хусусии дигар; ӯҳдадориҳои иҷоравӣ; фоидаи тақсимнашудаи солҳои гузашта; фоида аз соли ҳисоботӣ; фоидаи истифодашуда ва тақсимнашудаи соли ҳисоботӣ, ва ғайраҳо мебошанд. Дороиҳои ғайримоддӣ (арзиши боқӣ), воситаҳои асосӣ (арзиши боқӣ), таҷҳизоти омодаи васлшаванда, сармоягузориҳои ба сомон нарасида, маблағгузориҳои дарозмуддат, ҳисоббаробаркуниҳо бо муассисаҳои дорои ғайригардон буда, ҳисоботҳо ба сарчашмаҳои маблағҳои худии корхонаҳо мансуб дониста намешаванд.
Маблағҳои бо вом гирифташуда аз қарзҳои дарозмуддати бонкҳо, вомҳои дарозмуддат, қарзҳои кӯтоҳмуддати бонкҳо, қарзи бонкҳо барои кормандон ва вомҳои кӯтоҳмуддат иборат мебошанд. Интихоби ин ва ё он шакли таъминоти молиявии корхона ба андозаи баҳра ё талаботи изофа, ки ба гирифтани онҳо марбут аст, вобастагӣ доранд. Дар давоми фаъолияти ҷорӣ маблағҳои молиявӣ мумкин аст барои пур кардани захираи анбор ё пардохти хароҷоти пешбининашуда лозим шавад. Ин эҳтиёҷот хислати кӯтоҳмуддатро дошта ва ба шакли таъмини молиявии кӯтоҳмуддат мансуб дониста мешавад. Дар таҷриба якчанд шакли таъмини молиявии кӯтоҳмуддат тавсия шудааст, ки онҳо аз қарзҳои тиҷоратӣ, вомбаргҳои бонкӣ, аспектпазириши бонкии васиқаҳо (векселҳо), факторинг – истифода аз санадҳои пардохтшавандаи мизоҷон, варақаҳои тиҷоратии қиматдор, сарчашмаҳои дохилӣ, қарзи кӯтоҳмуддат зери гарави қарздорӣ ва захираҳои молу ашё иборатанд.
Шакли аз ҳама бештар паҳнгардида - ин қарзи тиҷоратӣ мебошад, ки одатан, тавлиддиҳандагони ашёи хом истифода менамоянд. Дар ин маврид, чунин қарз шакли аз ҳама арзони таъмини молиявии раванди бунёди захираҳои моливу моддии корхона ба ҳисоб меравад. Бартарии он боз дар он мебошад, ки дастраси ба он нисбатан кӯтоҳмебошад, онҳоро ҳама вақт аз тавлиддиҳандагони ашёи хом гирифтан мумкин аст, зеро онҳо манфиатдор ҳастанд, ки бо тавлидкунандагони маҳсулоти тайёр алоқаҳои устувор барқарор намоянд.
Таҷрибаи хориҷиён дар истифодабарии чунин навъи қарз нишон медиҳад, ки ҳангоми ба кор бурдани он фоизи ҳисобкардашуда миқдори камтаринро ташкил медиҳад.
Андозаи баҳраро, ки барои корхона муқаррар шудааст, аз бисёр ҷиҳат онро бозор муайян мекунад, бонк ҳангоми додани қарзи кӯтоҳмуддат пардохти онро ба ӯҳдаи худ мегирад.
Ба шаклҳои таъмини молиявии бонкӣ инҳо мансубанд: вомбарги бегардиш, хати қарзӣ, эътиборнома, қарзи худ ба худ таҷдидшаванда, қарзи бо пардохти мӯҳлатдор ва ғайраҳо.
Воми бегардиш. Аксари вомҳои бегардиши кӯтоҳмуддат (бе гаравмонии дорои)-ро ширкатҳое мегиранд, ки қудрати хуби қарзпардозӣ доранд. Одатан воми бегардиш дар амалияи маблағгузорӣ намудани лоиҳае, ки воридоти босуръати маблағҳои пулиро таъмин мекунанд, ба кор мераванд ва дар мавридҳое, ки аз онҳо баҳрабардорӣ мешаванд, ки корхонаҳо маблағҳои нақди пулиро дар ихтиёр дорад ва метавонанд дар муддати наздиктарин баргардонанд, ё ки аз таъмини молиявии дарозмӯҳлат истифода баранд.
Чуноне, ки таҷрибаи хориҷиён нишон медиҳанд, яке аз сабабҳои ба корандозии вомбаргҳои бегардиш – ин кам будани мавсими маблағҳои пули нақд ва зарурияти андӯхтани захираҳои молиявию моддӣ мебошанд. Аз нуқсонҳои ин намуди қарзи кӯтоҳмуддат, андозаи баҳра нисбатан зиёд (дар муқоиса бо вомбаргҳои гардишдор) мебошанд, чунки ин намуди қарз бо гарави моликият таъмин нест ва пардохти он якбора маблағи калонро талаб менамояд.
Информация о работе Мафҳуми молияи корхонаҳо ва ҳолати молиявии онҳо