Автор: Пользователь скрыл имя, 24 Октября 2013 в 12:11, курсовая работа
Мафҳуми молия ҳануз дар шаҳрҳои калони тиҷоратии Италия дар қарни XII ба миён омада, ҳамагуна муносибатҳои бо пул алоқамандро ифода менамуд.
Сарсухан
Моҳият ва вазифаҳои молияи корхонаҳо
Даромадҳои корхонаҳо ва ҷараёни истифодаи онҳо
Банақшагирии молиявӣ дар корхонаҳо
Хулоса
Руйхати адабиётҳои истифодашуда
Бартарии чунин намуди таъмини молиявӣ аз он иборат мебошад, ки дар ин ҳол аз ширкат ба амал баровардани пешпардохтҳо барои харидани мол бо истифода аз маблағҳое, ки метавонанд дар муомилаи тиҷоратии дигаре ба кор раванд, истифода бурда намешаванд.
Қарзи худ ба худ таҷдидёбанда – созишномаест байни бонк ва қарзгиранда, ки тибқи он бонк ӯҳдадор мешавад, ки қарзи кӯтоҳмуддати бо маблағи умумии муайяншударо дар муддати тавофуқшуда, ба корхона, ширкат пешкаш кунад, дар ин ҳол васиқаҳо (векселҳо) кӯтоҳмуддат (одатан 90 рӯза) мебошанд. ҳангоми додани қарз маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми баробар ба маблағи додашуда имконият медиҳад, ки дар асоси ҳамон созишномаи байни бонку корхона басташуда, аз нав ба вомбарг гарифта шавад. Бартарии чунин намуди қарз имконияти қарзгирандаро бетаъхир ва маҳдудиятҳои онҳоро дар ҳолати қарзгирӣ паст (дар муқоиса бо хатти қарзи) менамояд, аммо бартарии ин шакли қарзгирӣ дар он мебошад, ки бонк дар назди корхона ва ё ширкат шарту шароит ва маҳдудиятҳои худро мегузорад.
Қарзи пардохти мӯҳлатдор талаб менамояд, ки фоизҳо ва маблағҳои асосии қарз ҳар моҳ ба бонк пардохта шаванд. Вақте, ки маблағи қарз бо ҳадди муайян (камтар) мерасад, корхона ва ё ширкат имконият пайдо карда метавонад, ки бо фоизи нисбатан камтар аз бонк такроран маблағҳои молиявӣ ба даст орад. Бартарии ин намуди қарз аз он иборат мебошад, ки вай одатан ба эҳтиёҷоти мавсимии молиявии корхона мувофиқат менамояд. Фоизи қарз дар ин ҳолат мумкин аст дар вақти расидани мӯҳлати пардохт (фоизи муқаррарӣ) ва ё дар сурати пешпардохт (қарзҳои ба арзиши ҳозира андозгиришуда - дисконтӣ) дода шаванд. ҳангоми пешпардохт шудани фоизи қарз, маблағи қарзҳо кам мешавад, ва маблағи ҳақиқии (воқеии) фоизи қарз меафзояд.
Факторинг – яке аз сарчашмаҳои аз ҳама гарони таъмини молиявӣ мебошад. Мазмуни ин аз он иборат мебошад, ки фурӯши маблағҳои қарзии корхона бо гузаштҳои калон, ки аз тарафи бонк ба ҷо оварда мешаванд ва ин гузаштҳо ба давомоти мӯҳлати қарздориҳо (қарзҳои боз пардохтнашуда) вобаста мебошанд.
Аз маблағҳои дохилии таъмини молияӣ, одатан тезонидани инкассо – яъне гирдоварии маблағҳои қарзӣ ва кам кардани харҷҳоро мансуб ҷамъбаст менамоянд.
Таъмини молиявии дарозмуддат ҳамчун қоида барои хариди воситаҳои асосӣ ё васеъ кардани истеҳсолот ба кор бурда мешаванд. Сарчашмаҳои он пеш аз ҳама аз иҷора (лизинг), фоидаи тақсимнашуда, андухтҳои истеҳлокӣ ба шумор мераванд.
Иҷора ба шакли лизинг шакли махсуси таъмини молиявии корхона мебошад. Одатан ин объкт ба шохаи амалиётӣ ва молиявӣ ҷудо карда мешавад. Аввалан дар ин ҳолат унсури сармояи асосиро ба иҷора месупоранд ва баъдан иҷорасупор вазифаи хизматрасонии техникӣ ва таъмири объекти муомиларо ба уҳдаи худ мегирад. Дуввум, замоне мерасад, ки қарордодии иҷора, лизинг байни фурӯшандаи маблағҳои пулӣ ва корхона, ки ин ё он объектро мавриди истифода қарор медиҳад шартнома баста мешаванд, то ин ки харидор ин объектро бо мол таъмин кунад. Дар ин ҳолат иҷорагир ҳамаи хароҷотҳои хизматрасониҳои техникӣ ва таъмирии объект ва бимаи онро ба души худ мегирад.
Фоидаи тақсимнашуда (байни сармоягузорон) сарчашмаҳои аз ҳама афзалиятдори таъмини молиявии корхона ба шумор меравад. Аммо, ин маблағ дар аксар мавридҳо нокифоя мебошад, аз ҳамин сабаб эҳтиёҷоти молиявии дарозмуддати корхона, аз ҳисоби сармояи ҷалбшаванда таъмин карда мешаванд. Сармояи ҷалбшаванда чунон, ки таҷрибаи хориҷиён шаҳодат медиҳанд, маблағҳое мебошанд, ки ба корхона аз ҳисоби вомбарги ташкилотҳои қарздиҳанда, ё аз тариқи ба фурӯш мондани уҳдадориҳои қарзӣ ворид мешаванд.
Қарзҳои дарозмуддат одатан, ба як мӯҳлати муайян (амволи ғайриманқул, таҷҳизот, варақаҳои қимматнок) дода мешаванд. Агар корхона ва ё ширкат барои гирифтани пул аз ташкилотҳои молиявӣ қодир набошад, он гоҳ вай метавонад вомбаргҳоро барои фуруш содир намояд. Ин вомбаргҳо ба ҳайси баёноти қарздории корхона ва ё ширкат хоҳанд буд.
Сармояи худии корхона ва ё ширкат аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ташаккул меёбанд. Саҳмияҳои нав чуноне, ки таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ шаҳодат медиҳанд, одатан бо арзиши нисбатан баланд аз саҳмияҳои кӯҳна содир карда мешаванд. Чунин шуморида мешавад, ки дар муддати муайяншуда, корхона ба самараи босуботи кор худ муваффақ мешавад, аз ҳамин сабаб арзиши саҳмияҳои вай бояд аз арзиши аввалааш бештар бошад. Аммо вақте, ки барои содир кардани саҳмияҳои нав тасмим гирифта мешавад, ба корхона ва ё ширкат лозим меояд, ки баъзе масъалаҳои дигарро низ ба эътибор гирифта шавад. Азбаски ҳаққи саҳмия (дивиденд) – ҳо аз фоидаи андозбандшаванда тарҳ карда намешаванд, аз ин хотир, фоидаи мазкур ба андозаи маблағи ҳаққи саҳмияҳо кам карда мешаванд ва ҳамчун натиҷа, мумкин аст чунин вазъияте руй диҳад, ки қарзи гирифташуда манфиати бештар орад. Аммо гирифтани қарз бо маблағҳои зиёди пулӣ на ҳама вақт ба корхонаю ширкат муяссар мешавад.
Аз гуфтаҳои боло чунин бармеояд, ки сарчашмаҳои гуногуни таъмини молиявӣ мавҷуд мебошанд. Дар робита бо муассисаҳои молиявӣ вазифаи роҳбарони корхона ва ё ширкат аз ҷустуҷӯи чунин сарчашмаҳои молиявӣ иборат мебошад, ки онҳо тавонанд маблағҳои пулиро бо фоизи камтарин гиранд ва самаранокии онҳоро таъмин намуда, фоидаи дилхоҳ ба даст оранд.
3. Даромадҳои корхонаҳо ва ҷараёни истифодаи онҳо
Дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ барои ҳар як корхона ё соҳибкор ба даст овардани даромад ва фоидаи то рафт афзоянда шарту вазифаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Натиҷаи молиявии фаъолияти корхонаҳо одатан дар маблағи муайяни фоида ва сатҳи фоиданокии он ифода меёбад. Фоида – нишондиҳандаи асосии самаранокии истеҳсолот ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳар як корхона ба ҳар чи зиёд шудани даромад ҳавасманд мебошад.
Фоида ин яке, аз нишондиҳандаҳои асосие мебошад, ки натиҷаи фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаро инъикос менамояд.
Фоида-ин яке аз амалҳои асосии самаранокии истеҳсолот дар корхона ба ҳисоб меравад.
Дар корхона намудҳои зерини фоидаро аз ҳамдигар фарқ кардан лозим меояд:
Фоидаи (балансӣ) тавозунӣ;
Фоидаи умумӣ;
Даромад аз амалиётҳои берун ва аз фурӯши маҳсулот.
Фоидаи баланси = фоидаи аз фурӯши маҳсулот +_ (даромад аз фаъолияти ғайрихоҷагидорӣ – хароҷотҳои ғайрихоҷагидорӣ) иборат мебошад.
Фоида аз фурӯш = даромад аз фурӯш-хароҷотҳои истеҳсолот.
Даромад аз амалиётҳои беруна, аз фурӯш-саҳмҳо дар дигар корхонаҳо, аз иҷора, дивиденҳо, фоизҳо иборат мебошад.
Ҳамин тавр фоида – ин як қисмати даромади умӯмии корхона мебошад, ки ҳамчун фарқи байни даромад аз фурӯши мол ва хароҷоти истеҳсолии корхона, баъд аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо, андозҳои иҷтимоӣ ва дигар ҳиcсаҷудокуниҳои ҳатмӣ аз маблағи фурӯши мол ба фондҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, муайян карда мешаванд. Даромади корхона аз ҳисоби фурӯши як миқдори муайяни маҳсулот тавассути нархи озоди як воҳиди он муаян карда мешаванд. Барзиёдии даромад назар ба хароҷоти истеҳсолот, нишонаи пайдо шудани фоида мебошад. Баръакс агар хароҷот аз маблағи даромад зиёд бошад, он гоҳ ба ҷои фоида, танҳо зарари иқтисодӣ ҳосил мегардад, ки ин бар хилофи манфиати корхона мебошад.
Фоида ҳамчун натиҷаи молиявии фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳалли вазифаҳои гуногун нақши муайян дорад. Дар навбати аввал, як қисмати муайяни фоидаи тавозунии корхонаю ташкилот дар шакли андоз ва ҳиссаҷудокуниҳои ҳатмӣ аз рӯи тартиботи муқарраргардида ба буҷети давлатӣ муайян карда мешавад. Бо ин амал андоз аз фоида ва дигар намудҳои саҳмгирӣ дар пурра кардани қисмати дохилшавӣ ба буҷет, яке аз манбаъҳои боэътимод ва доимии ташкилёбии молияи давлат буда, аз ҳисоби ин воситаҳои пулӣ минбаъд вазифаҳои аввалиндараҷаи инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ ба таври марказонидашуда баррасӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд.
Пас аз ҷудо кардани як қисмати фоидаи тавозунӣ дар шакли андоз аз фоида ва ҳиссаҷудокунӣ ба фондҳои ғайрибуҷетӣ, инчунин баровардани андозҳою ҳар гуна имтиёзҳои қонунӣ аз фоидаи умумии корхона, фоидаи соф ба як қатор фондҳои мақсадноки аҳамияти дохиликорхонавӣ дошта, тақсим карда ва истифода бурда мешаванд.
Фоидаи софе, ки комилан дар ихтиёри худи корхона мемонад, барои ҳавасмандгардонии кормандон барои натиҷаҳои меҳнаташон ва нишондиҳандаҳои фаъолияти корхона, пурра намудани ҳолати фондҳои гардони худи муассиса, пардохти ҷаримаҳои иқтисодӣ, додани дивидендҳо ба саҳмиягузорон ва дигар мақсадҳои мушаххас равона карда мешаванд.
Корхонаҳо бевосита ба афзоиши устувори андозаи фоидаи соф, ки комилан дар ихтиёри ӯ мемонад ва мустақилона минбаъд бояд ба таври оқилона тақсим ва истифода намоянд, ҳавасманд мебошанд. Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки ҳар қадар меъёр ё ставкаи андозбандӣ аз маблағи фоида баланд бошад, ҳамон дараҷа қисмати ночизи фоида ба ихтиёри корхона мемонад, онро барои инкишофи фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ ва барои васеъ намудани истеҳсолот, номгӯ ва сифати мол, фурӯши он, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аъзоёни меҳнатӣ сафарбар менамоянд. Бинобар ин, ҳам ставкаҳои андоз аз корхонаҳои шакли моликияташон гуногун ва ҳам меъёри тақсимоти фоида барои таъсис додани фондҳои дохилии иқтисодӣ (фонди андухт, фонди истеъмол, фонди захиравӣ, дивидендҳо, фонди пардохти талафоти бозори ва ғайра) бояд аз назари иқтисоди оптималӣ ё оқилонаю самарабахш истифода бурда шаванд.
Андоз – ин маблағҳои ҳатман пардохтшавандаи андозсупорандагон ба буҷет ва ба фондҳои мақсадноки давлатӣ мебошад, ки дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қонун ва дар мӯҳлатҳои муайяншуда супорида мешаванд.
Фоидаи андозбандӣ – ин ҳамон намуди фоидаест, ки тибқи қонунҳои мавҷудбудаи мамлакат аз андозаи тавозунии он, маблағи имтиёзҳои андоз аз фоидаи корхонаҳо тарҳ ё бароварда мешаванд.
Низоми (системаи) андоз – маҷмӯи гуногуни андозҳои муқарраршуда аз тарафи давлат мебошад, ки дар асоси тартиботи муайян ва усулҳои ҳисобкунии онҳо, принсипҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- ҳатмӣ будани андозсупорӣ, яъне як маблағи андоз, ки танҳо як маротиба ситонида шавад, вале дар амал дар бисёр мавридҳо мухолифи ин принсип рафтор карда мешавад. Мисоли равшани андозбандии дукарата мавриди ба саҳмдорон пардохтани ҳаққи саҳмияҳо (дивиденд) мебошад. Ин пардохтҳо баъди аз фоида пардохтани андоз сурат мегиранд, сипас қисме аз ин фоида ба саҳмдорон ба сифати ҳаққи саҳмия дода мешаванд, ки аз он низ андози ситонида мешавад;
- мутаносиб
будани андоз, яъне муносибати
якхелаи давлат ба
- муайян будани андозсупорӣ, яъне муайян будани тартиби андозбандӣ (миқдор, мӯҳлат, асоси ҳисобкунии андозҳо), ки қаблан муқаррар карда мешавад;
- иваз нашавандагии андоз, яъне, давлат ба андозсупорандагон дар бадали маблағҳои ба буҷет супоридашаванда, ҳеҷ гуна воситаи дигареро ба ивази он намегирад.
Тафовут дар низоми (миқдори) андозҳо дар кишварҳои гуногун хеле назаррас мебошанд. Аммо дар аксар мавридҳо тафовутҳои боз ҳам бештар нисбати афзоиши иловагии андозбандашаванда ба назар мерасад.
Мувофиқи кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ.
Андозҳои умумидавлатие, ки корхонаҳо ҳатман ба буҷет мепардозанд инҳо мебошанд:
1) андоз аз фоида;
2) андоз аз арзиши иловашуда;
3) аксизҳо;
4) пардохтҳои иҷтимоӣ;
5) андози замин;
6) андоз барои истифодаи захираҳои табиӣ;
7) боҷи гумрукӣ ва дигар, пардохтҳои гумрукӣ;
8) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард.
Андозҳои маҳаллӣ инҳоянд:
1) андоз аз фурӯши чакана;
2) андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;
3) андоз аз амволи ғайриманқул.
Ҳангоми ситонидани андозҳо ба корхонаҳо имтиёзҳои гуногун аз тарафи давлат дода мешавад, масалан:
Барои корхонаҳо хеле муҳим аст, ки муайян намоянд аз ҳисоби кадом сарчашмаҳо имконияти андозҳои гуногунро пардохтан доранд.
Андозҳо вобаста ба сарчашмаи пардохташон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:
Информация о работе Мафҳуми молияи корхонаҳо ва ҳолати молиявии онҳо