Мохияти ичтимо иктисодии бучети давлатии давлатхои хоричи

Автор: Пользователь скрыл имя, 24 Ноября 2011 в 05:00, реферат

Описание работы

Бучети давлатй - мохият ва накши он дар раванди ичтимоию иктисодии мамолики мутараккй
Раванди бучетй дар мамоликимутараккии хоричй
Даромади бучети давлатй дар мамлакатхои хоричй
Харочоти бучетй дар мамлакатхои хоричй
Касри бучет ва окибатхои ичтимой-иктисодии он

Работа содержит 1 файл

МОХИЯТИ ИЧТИМОЙ-ИКТИСОДИИ БУЧЕТИ ДАВЛАТИИ ДАВЛАТХОИ ХОРИЧЙ.doc

— 157.50 Кб (Скачать)

       Мавзуъ: МОХИЯТИ ИЧТИМОЙ-ИКТИСОДИИ БУЧЕТИ ДАВЛАТЙ ДАР МАМЛАКАТХОИ ХОРИЧЙ 

    1. Бучети  давлатй - мохият ва накши он дар раванди ичтимоию иктисодии мамолики мутараккй
    2. Раванди бучетй дар мамоликимутараккии хоричй
    3. Даромади бучети давлатй дар мамлакатхои хоричй
    4. Харочоти бучетй дар мамлакатхои хоричй
    5. Касри бучет ва окибатхои ичтимой-иктисодии он
 

       Давлат  дар хама давру замон оид ба боигарии милли ва ахолии дар он сарзамин умр ба сар баранда вазифахои  мушаххаси ичтимоию иктисоди ва сиёси (истифода ва ганигардонии боигарии милли ва ахоли, фаъолияти макомоти ичроия ва конунгузори, сиёсати молияви ва андозу бучети, фаъолияти сиёсати беруни, тадкикотхои асосии илмию техники, мудофиаю хифзи хукук ва харочоти ичтимоию мадани)-ро ба ухда дорад.

       Дар шароити бозор вазифа, масъулият ва чавобгарии давлат боз хам васеътару зиёдтар мегардад. Давлат вазифадор аст, ки таносуби мувофики шаклхои гуногуни моликият ва коидаву конунхои рафтори субъектхои моликиятро дар бозор муаиян намояд, танзими иктисодиётро вобаста ба даврахои силсилаи иктисоди ва кафолати хифзи ичтимоии шахрвандон новобаста аз доираи шугл таъмин намояд. Гаир аз ин, вобаста ба масъулияти идора ва хиссаи моликият давлат хамчун сохибкор рафтор менамояд. Ин амалиёт водор менамояд, ки давлат ба сифати субъекти иктисод баромад кунад ва барои амали кардани масрафоти мазкур манбахои муаияни молияви дар ихтиёр дошта бошад.

       Муносибатхои молиявие, ки дар байни давлат, корхонахо, ташкилотхо, муассисахо ва ахолй ба вучуд меоянд, муносибатхои бучетиро ташкил медиханд.

       Муносибатхои  бучети ифодакунандаи хусусиятхои гуногун буда, хамчун натичаи муносибатхои таксимотии байни сохахои гуногуни иктисодиёт, хавзахои фаъолияти чамъияти, баини нохияхо ва сатххои гуногуни идора ташкил меёбанд.

       Муносибатхои  бучетй ва шаклхои он пеш аз хама мувофики усул (метод )-хои хочагидори, сатху дарачаи хизматрасонихои ичтимоию мадани ба шахрвандон ва вазифахои ичро карда истодаи давлат дар хар як давраи инкишофи таърихи вобастаанд. Онхо хусусияти вокеи доранд. Давлат ба максади ба амал баровардани такрористехсоли васеъ дар микёси чамъият, конеъгардонии талаботи ичтимою мадании шахрвандон, халли масъалахои мудофиа ва пур кардани харочоти идораи мамлакат бояд дар ихтиёри худ як кисми даромади миллиро чамъ оварад.

       Муносибатхои  бучети узви сохтори таркибии иктисодиёт буда, сатх ва дарачаи ташкилу тахаввули онро ифода мекунанд. Аз ин чихат барои чуброн кардани харочоти чамъият ва конеъ гардонидани талаботи ваи давлат ухдадор мешавад, ки поигохи моддию молиявии худро дошта бошад.

       Муносибатхои  бучети ифодаи моддии худро дар ташкили фондхои бучети давлати зохир месозанд. Хачми мушаххаси фонди бучети сатху дарачаи мутамарказии манбахои молиявиеро, ки дар ихтиёри давлат аз хисоби омилхои гуногун: тарзхои ситонидани манбахо ба бучет; сатхи инкишофи иктисодиёт; тарзу усули хочагидори дар корхонаву ташкилотхо ва муассисахо; вазифахои ичтимоию иктисоди ва таносубу тагииротхои таркиби дар иктисодиёт ба миён меояд, ифода мекунад.

       Давлат  аз хисоби маблагхои бучети фондхои  эхтиёти ва захиравиро низ ташкил намуда, ба максади мушаххас истифода мебарад.

       Хамаи муносибатхои бучети оид ба ташкил ва истифодаи фондхои бучети бучети давлатиро ташкил медиханд.

       Аз  нигохи мохияти иктисоди бучети давлати муносибатхои пулиеро ифода менамоянд, ки баини давлату шахсони хукукию вокеи дар мавриди азнавтаксими даромади милли ба максади ташкилу истифодаи фондхои бучети барои маблаггузории сохахои иктисодиёт, таъмини харочоти ичтимоию мадани, мудофиа ва идораи мамлакат зарур мебошанд.

       Чамъоварии  маблагхо дар бучет ба давлат имкон  медихад, ки манбахои молиявиро барои инкишофи сохахои асоси ва доирахои мушаххаси иктисоди истифода намояд.

       Азбаски бучети давлати хамчун муносибатхои таксимоти ташкил шуда, ба максади  конеъгардонии талаботи чамъият  ва идораи мамлакат истифода карда мешавад, хамчун категорияи иктисоди баромад мекунад.

       Ваи хамчун кисми таркибии молия хусусиятхои  умумии молия ва муносибатхои алохидаи зинахои системаи онро ифода менамояд. Хусусиятхои муносибатхои бучетиро чунин тасниф кардан мумкин аст:

       * бучети давлати хамчун шакли  махсуси муносибатхои азнавтаксимнамоии иктисоди нисбат ба даромади миллии дар дасти давлат буда ва истифодаи он ба максади конеъгардонии талаботи хамаи чамъият ва нохияхои дар ихтиёрдошта сурат мегирад;

       * бо ёрии бучет азнавтаксимкунии  даромади милли (боигарии милли)  дар баини сохахои иктисодиёт, нохияю махалхо ва доираи фаъолияти одамон ба рох монда мешавад;

       * таносуби таксими арзиши молу  махсулот ва хадамот, ки бо  ёрии бучет ба амал бароварда  мешавад, нисбат ба таксими  дар зинахои молияви ба амалбароваранда,  бо он фарк менамояд, ки харчи зиёдтар ба талаботи такрористехсоли васеъ ва халли масоили умдаи иктисодиёт барои рушди давраи муаияни таърихи нигаронида шудааст.

       Таксими воситахои бучети дар системаи молияи давлати накши махсус дорад.

       Бучети  давлати аз нигохи тахлили иктисоди-мафхуми мустакили иктисоди буда, асоси молия ва вазифаи накшаи молиявии давлатро ичро менамояд. Мохияти бучети давлати хамчун категорияи иктисоди бо воситаи вазифахои таксим ва назоратии он ифода мегардад. Давлат бо воситаи азнавтаксимкунии даромади милли имконияти дар дасти худ гун кардани маблагхои пули ва истифодаи онхоро ба максади конеъгардонии талаботи умумидавлати таъмин менамояд; вазифаи назорат бошад, имкон медихад, ки сари вакт ва иурра ба ихтиёри давлат воридшавии маблагхои бучети ва таносуби таксими он маблагхо ва истифодаи самараноки онхо таъмин карда шавад. Хусусияти бучети давлати хамчун мафхуми иктисоди таъсири худро ба вазифахое, ки бучет ичро менамояд, мегузорад. Вазифахо, доира ва объекти амали онхо дорои мазмун ва хусусиятхои хос мебошанд. Раванди азнавтаксимкунии захирахои молияви дар баини сохаи гуногуни истехсолоти чамъияти мазмуни аники вазифаи таксимотии бучетро ифода мекунад.

       Зинахои дигари молияви- ба мисли бучет ин гуна алока (баинисохави ва баини  минтакави)-ро дар сатхи дехот, шахр, вилоят ва чумхури оид ба азнавтаксимкунии воситахо надорад. Хамаи иштирокдорони истехсолоти чамъияти бо бучет дар асоси вазифаи таксимоти иртибот паидо мекунанд.

       Объекти асосии азнавтаксимкунии бучет даромади соф мебошад. Бо ёрии бучет арзиши махсулоти зарури ва баъзан боигарии милли аз нав таксим карда мешавад.

       Бо  ёрии вазифаи таксимот ташкилу истифодаи  фондхои пулии дав лат ба рох  монда мешаванд. Яке аз хусусиятхои  бучет дар он аст, ки ваи метавонад  пешаки хабар дихад, ки чи тавр субъектхои гуногуни хочаги манбахои молиявии худро ба ихтиёри давлат мегузоранд ва маблагхои дар фонди мутамарказ чамъовардашуда ба талаботи давлати истифода карда мешаванд. Асоси вазифаи назоратиро гардиши захирахои бучети, ки дар нишондихандахои интикол ва харочоти маблагхо инъикос ёфтаанд, ташкил медиханд.

       Вазифахои бучети давлати объективианд ва раванди  ходисахои иктисодиро бо таври вокеи  ифода мекунанд. Онхо асосан бо воситаи  фаъолияти инсон имконпазир буда, инъикоси худро дар механизми  бучетие меёбанд, ки давлат ташкил медихад.

       Механизми бучети аз чониби давлат ташкил шуда, барои  халли масъалахои ичтимоию иктисоди истифода мешавад.

       Бо  ёрии механизми бучети бучетро амалан ба сифати олати танзими иктисодиёт, хавасмандгардонии равандхои истехсолию ичтимои истифода менамоянд. Азнавтаксимнамоии бучетии даромади милли имкон медихад, ки сохти таркибии истехсолоти чамъияти мукаммал гардонида шавад. Дар чунин маврид давлат имконияти бевосита ва бавоситаи таъсиррасониро ба иктисодиёт бо рохи кумакрасони ба корхонахо, сармоягузории давлати, маблаггузории бучети паидо намуда, сабаби тагиирёбии таносубхои сохахои иктисодиёт мегардад. Ташкили дурусти механизми бучети имкон медихад, ки раванди вокеии рушди сохахои иктисодиёту ичтимоиёт таъмин ва дарачаи пешрафти илми-техники, навсозию такмили поигохи моддию техникии истехсолоти чамъияти таъмин карда шавад.

       Истифодаи механизми бучети барои танзими  иктисодиёт бо ёрии бо самар истифода кардани пулхои ба ихтиёри давлат воридшаванда таъмин карда мешавад. Истифодаи босамар аз он сабаб  имконпазир аст, ки даромадхои мушаххаси ба бучет воридшаванда, принсипи таъиноти мушаххаси харочотии худро надоранд ва аз ин сабаб даромадхои ба бучет воридшуда вобаста ба талабот харч мегарданд.

       Истифодаи босамари воситахои бучети имконият медихад, ки ба суръату дарача ва таносуби инкишофи истехсолоти чамъияти таъсири муаиян расонида шавад.

       Механизми бучети олати фаъоли баамалбарорандаи сиёсати бучетии давлат аст. Моддахои даромаду харочоти бучети баходиханда  ва инъикоскунандаи сарчашмахои  ташкилёби ва тамоюли истифодаи маблагхои бучетианд.

       Бучети  давлати дар шакли тавозуни даромаду харочот тартиб дода шуда, хамчун олати  фаъоли назорати молияви баромад  мекунад.

       Нишондихандахои бучети, ки дорои хусусиятхои таъинотианд, алокахои зиёди бучетро бо сохахои  иктисодиёт инъикос намуда, асосро барои истифодаи онхо (ба максади ташкили назорат, нисбат ба холати сохти таркибии истехсолоти чамъияти) таъмин менамоянд.

       Истифодаи нишондихандахои бучети имконияти  чори намудани назоратро аз болои  мачро ва равандхои иктисодию  ичтимои таъмин намуда, маили нишондихандахои вокеъиро инъикос ва ахбори заруриро барои кабули карори фаври ба давлат пешниход менамояд.

       Механизми бучети таърихан ва мантикан бо бучет  алокаманд аст. Вазифахое, ки чамъият  дар ин ё он давраи инкишофи таърихи  хал менамояд, бевосита таъсири худро ба механизми бучети мерасонанд. Бучет дар хар як давру замон вазифахои гуногуни ичтимоию иктисодиро хал менамояд, ки сабаби тагиирёбию мукаммалгардии механизми бучети мегардад. Аз сабаби гузариш ба иктисодиёти бозори механизми бучети ба таври кулли тагиир ёфта, хусусиятхои нави сифатии он паидо мешавад. Ба чои услуби фармонфармои нисбат ба иктисодиёт услуби гаиримустакими таъсиррасонии бучети мавриди бахрабардори карор мегирад.

       Бартарихои  инкишофи бучети, ки дар сиёсати  бучети инъикос ёфтааст, бештар зухур меёбад. Бахри халли масъалахои чиддии чори ба коркарду истифода ва амали намудани барномахои максадноки дарозмухлат кушиш ба харч дода мешавад. Ба таври кулли методология ва методикаи банакшагирии бучети тагиир меёбад. Ба ивази нишондихандахои бенихоят бузург нишондихандахои сифати ба монанди меъёрхои ичтимои мавриди бахрабардори карор мегиранд.

       Дар аксари низомхои иктисоди бучети давлати  яке аз олоти мухимтарини таъсиррасон  ба инкишофи иктисодиёт ва ичтимоиёт  хисобида мешавад. Бо ёрии бучет давлат азнавтаксимкунонии даромэди милли, тагиирёбии сохти таркибии истехсолоти чамъияти, натичамандии хочагидори ва дигаргунсозихои ичтимоиро ба амал мебарорад.

       Дар шароити бозор услубхои таъсиррасонии  бучети ба истехсолоти чамъияти куллан дигаргун мешаванд. Раванди бозсозии куллии муносибатхои бучети ва механизмхои бучети торафт авч мегирад.

       Гузариш ба бозор зарурияти тагиирдихии  самт ва тамоюлхои истифодаи маблагхои  бучетиро ба миён мегузорад. Тачрибаи давлатхои Гарб нишон медихад, ки дар давраи гузариш давлатхо маблагхои бучетро асосан ба сохахои прогрессивии иктисодиёт, ки асоси мустакилияти иктисоди ва талаботи стратегии инкишофи давлатро таъмин менамоянд, истифода мекунанд.

       Азнавтаксимнамоии даромади милли бо воситаи бучет  ба давлат имкон медихад, ки бучетро хамчун фишанги мустаким, ё худ гаиримустаким барои танзими иктисодиёт истифода намуда, мувозини ва мутаносибии  иктисодиету нохияхоро таъмин намояд.

       Истифодабарии механизми бучети бо воситаи андозхо, имтиёзхои андози, хачм ва самтхои сармоягузори ба рох монда шуда, хамчун воситаи таъсиррасони ба сохти таркибии иктисодиёт, шаклхои хочагидори, хавасмандгардонии фаъолияти шахрвандон оид ба ташкили сохибкори, васеъ гардондани имконияти навсозии фондхои асосии истехсоли, саривакт чори намудани дастовардхои илми-техники ва боло бурдани даромаднокию самаранокии истехсолот ва гаирахо ба рох монда мешавад.

       Механизми маблаггузории бучетии сохахои  илм, таиёр кардан ва бозомузии кадрхо, чори намудани имтиёзхо нисбат ба субъектхои иктисоди, хавасмандгардони оид ба кашфиётхои нави илми, тадкикотхо ва гаираро дар бар мегирад.

       Аз  хисоби маблагхои бучет сохахои  ичтимои ба мисли маориф, тандурусти, хифзи ичтимои, шугли ахоли ва гаира низ сармоягузори карда  мешаванд.

Информация о работе Мохияти ичтимо иктисодии бучети давлатии давлатхои хоричи