Мохияти ичтимо иктисодии бучети давлатии давлатхои хоричи

Автор: Пользователь скрыл имя, 24 Ноября 2011 в 05:00, реферат

Описание работы

Бучети давлатй - мохият ва накши он дар раванди ичтимоию иктисодии мамолики мутараккй
Раванди бучетй дар мамоликимутараккии хоричй
Даромади бучети давлатй дар мамлакатхои хоричй
Харочоти бучетй дар мамлакатхои хоричй
Касри бучет ва окибатхои ичтимой-иктисодии он

Работа содержит 1 файл

МОХИЯТИ ИЧТИМОЙ-ИКТИСОДИИ БУЧЕТИ ДАВЛАТИИ ДАВЛАТХОИ ХОРИЧЙ.doc

— 157.50 Кб (Скачать)

       Дар дохили Чумхурии Точикистон вобаста  ба сатхи инкишофи нохияхо даромаду харочоти бучети аз хамдигар фарки  кулли дорад. Дар баъзеи онхо даромад  зиёд ва дар баъзеи дигар он камтар мебошад.

       Назарияи  молия пешниход менамояд, ки агар касри бучет, яъне даромад аз харочот ба андозаи 2-3 фоиз нисбат ба хачми мачмуи махсулоти милли кам бошад, холати иктисодиёт назоратшаванда аст.

       Мувофики  тачрибаи давлатхои Гарб касри 2-3 фоизаи бучет меъёри бавучудорандаю таъминкунандаи инкишофи иктисодиёт мебошад. Касри бучети Чумхурии Точикистон барои солхои 2003-2005-ум нисбат ба хачми мачмуи махсулоти дохили 0,5 фоизро ташкил кардааст, ки ваи имконияти инкишофи иктисодиётро фарохам оварда метавонад.

       Мувофики  даромаду харочот се холати бучетро фарк мекунанд:

       1. Холати тавозуни (даромад ва харочот  бо хам баробар аст).

       2. Зиёд будани даромад аз харочот  бешомад (профицит).

       3. Кам будани даромад аз харочот  каср (дефицит). Барои пешрафту тараккиёт  ва халли вазифахои дар назди  давлат   истода   холатхои   якуму   дуюми   бучет   он   кадармушкилот пеш намеорад, чи кадаре ки касри бучети монеахо эчод мекунад ва менечерхоро водор менамояд, ки он мушкилотро окилона хал намоянд.

       Касри бучет мачбур месозад, ки давлат аз хисоби манбахои молиявии самараи пасттар дошта бахра бардорад ва он мушкилотро хал намояд.

       Дар шароити бозор касри бучет  метавонад аз хисоби чунин омилхои  гуногун тагиир ёбад:

       - катъшавии алокахои хамгирои, ки  сабаби пастравии хачми истехсоли  махсулоти чамъияти мегардад;

       - ба муомилот баровардани пулхое, ки бо молу маводи истехсолшуда  таъмин нест, яъне ба муомилот  баровардани пулхои пуч (холи);

       - чои доштани холатхои фавкулода  (заминчунби, обхези, фаромадани пиряххо,  лагжидани кухпорахо, канда шудани  кулхо, омадани сел, чанг ва холати чанги);

       - халли масоили калони ичтимои;

       фаъолияти     иктисоди     калони     нихони     (теневая экономика);

       - харочоти калони гаириистехсоли;

       - изофанависихои талафоти, ягмогари, аз меъёр зиёд нишон додани  ухдадорихои давлати, афзудани  харочоти харби ва гаира;

       Шахсони хукукию вокеи, давлатхо сохибкорони  хоричи, фонду ташкилотхои баиналмилали бо давлат дар мавриди паидо кардани  манфиати иктисодию молиявии судманд  муносибатхои мутакобиле баркарор менамоянд. Пардохти манфиати тарафи мукобил аз хисоби маблагхои бучет хамчун ухдадории давлат сурат мегирад. Яке аз сабабхои касри бучет баркарор намудани алокахои камсамараи молиявию иктисодие мебошад, ки манфиати баробари тарафхоро ифода карда наметавонад. Мушохида шудааст, ки аз сабаби касодии назорати давлати нисбат ба холати молияви касри бучет ба миён омада метавонад.

       Давлатхое, ки иктисодиёташон дар асоси хамгироии  низоми собик сотсиалисти ба миён омадааст, дар шароити гузариш  ба иктисоди бозори мустакилияти иктисодиашонро таъмин карда наметавонанд ва ба максади ташкили зерсохтори (инфраструктураи) сохибистиклол давлатхо харочоти бучетиро зиёд пешбини менамоянд, ки дар натича касри бучети ба миён омада, асоси пешрафти иктисодиётро таъмин менамояд.

       Агар  касри бучет, ба манфиати инкишофи сохахои  истехсолоти модди истифода шуда бошад, хатарнок хисобида намешавад. Агар харочоти зиёди бучет барои сохахои гаириистехсоли сарф шуда бошад, пас барои мамлакат хатари иктисодии зиёдеро ба миён меоварад.

       Сохти таркибии иктисодиёти Точикистон ва инкишофи яктарафаи сохахои хислати мавсимидошта, ки бе дасгирии давлат фаъолият карда наметавонад, сабаби касри бучет шуда метавонад.

       Аксар давлатхои Гарб кушиш менамоянд, ки як кисми масъалахои касри бучетро бо ёрии карзи давлати хал намоянд. Вале аз чи сабаб бошад, ки дар Точикистон аз карзи дохили кариб истифода намекунанд, харчанд карзхои максадноки кутохмухлат нисбат ба карзхои хоричи арзонтар буда, имконияти бештари халли мушкилотро доранд. Дар омади гап каид кардан зарур меояд, ки зиёда аз 47 фоизи карзи ЧТ-ро карзи хоричи ташкил медихад.

       Истифодаи бучет ба хаиси механизми молияви  дар худ халли мушкилоти касри  бучетро ифода мекунад. Ваи хамчун унсури сиёсати молияви дар асоси  риояи чунин коидахо ба рох  монда мешавад:

       1. Касри бучет мушкилоте нест, ки  онро аз руи услуби риёзиёт хал намоянд. Ваи хамчун мушкилоти иктисодию молияви танхо дар асоси истифодаи механизму фишангхои молиявию иктисодии аз чихати илми асоснок халли худро меёбад.

       2. Дар чараёни ривочу равнаки  иктисоди милли хачми умумии  даромаду харочоти бучет аксар вакт ба хам мувофикат мекунад. Баъзан хачми даромад аз хачми харочот зиёд мешавад. Дар чунин холат иктисодиёт ба таври динамики мунтазам инкишоф ёфта истода бошад хам, касри бучет чои дошта метавонад.

       3. Мувофики тачрибаи давлатхои  Гарб касри бучет нисбат ба махсулоти холиси милли бояд 2-3 фоизро ташкил дихад. Ваи хамчун нуктаи нихоист, ки на бояд аз он гузарад.

       4. Чорабинихои мазкур, ба мисли:  карзи давлати (дохили ва хоричи), шадидияти андозбанди, афзун намудани  микдори пул дар муомилот (сиёсати  сенораж) захирахои хатмии бонкхои тичорати ташкил дода мешавад) ва ба бозори молияви баровардани когазхои киматноки иловагии давлати имкон медихад, ки касри бучет бартараф карда шавад.

       5. Касри бучет халли дурусти  худро он гох паидо менамояд, ки мушкилоти дар иктисодиёт чоидошта аз чихати илми асоснок шуда бошанд.

       Агар  чораю тадбирхои дар боло зикршуда хатман ба инобат гирифта шаванд, он гох касри бучет бартарафкарда  хисобида мешавад. Дар ин маврид пешниходхо хусусияти усули (принсипхоро) мегиранд.

       Хангоми тахияи барномахо оид ба кам кардани касри бучет ва идораи он принсипхои каидшуда хатман ба инобат гирифта мешаванд. Тадбирхое, ки дар муддати кутохтарин касри бучетро бартараф карда, баробарии даромаду харочотро таъмин кардан мехоханд, ба натичаи дилхохи молияви ноил шуда наметавонад.

       Барои касри бучетро бартараф намудан  бояд тадбирхое андешида шаванд, ки холати иктисодиётро ба мусоидат ва рушд оварда тавонанд. Андешае, ки дар муддати  кутох каср бартараф карда мешавад  ва ба бехбуди холати иктисодиёт нигаронида нашудааст, хатост.

       Барномаи  ба эътидолории касри бучет бояд тадбирхои хавасмандии воридшавии маблагхо ба бучет ва харочоти бучети давлатиро кам карда тавонанд. Роххои кам кардани харочоти бучет  инхоанд:

       - тагиир до дани самтхои истифодаи  маблагхои бучет;

       - аз механизми имтиёз ва мучозоти (санкция) молияви хар чи васеътар истифода намудан ва дар асоси онхо ба хисоб гирифтани шарту шароити хочаги ва дар ин замина хавасманд гардонидани рушду инкишофи истехсолоти чамъияти;

       - кам кардани хиссаи моликияти  давлати дар иктисодиёт ва маблаггузории он ба хавзахое, ки дар давоми ду-се мох натичаи молияви дода метавонанд;

       - манъ кардани вогузории карз  аз чониби бонки маркази ба  ташкилотхои давлатие, ки ба тарики  зарури хуччатхои карзиашонро  пешниход накардаанд;

       Тарзи риёзии хисобу китоби касри бучет хануз маънои идораи онро надорад, зеро сарфакорона таксиму истифодабарии захирахои молияви ва 6о кадом чораву тадбир дарёфт намудани манбаи молиявии иловагиро нишон намедихад.

Информация о работе Мохияти ичтимо иктисодии бучети давлатии давлатхои хоричи