Мохияти ичтимо иктисодии бучети давлатии давлатхои хоричи

Автор: Пользователь скрыл имя, 24 Ноября 2011 в 05:00, реферат

Описание работы

Бучети давлатй - мохият ва накши он дар раванди ичтимоию иктисодии мамолики мутараккй
Раванди бучетй дар мамоликимутараккии хоричй
Даромади бучети давлатй дар мамлакатхои хоричй
Харочоти бучетй дар мамлакатхои хоричй
Касри бучет ва окибатхои ичтимой-иктисодии он

Работа содержит 1 файл

МОХИЯТИ ИЧТИМОЙ-ИКТИСОДИИ БУЧЕТИ ДАВЛАТИИ ДАВЛАТХОИ ХОРИЧЙ.doc

— 157.50 Кб (Скачать)

       Маблагхои бучет вобаста ба тамсилахои иктисоди бозории интихобкардашуда сурат шрифта, сабаби инкишоф ё худ таназзули сохахои истехсоли неъматхои модди ва сохаи ичтимои мегарданд.

       Бучети  давлати дар асоси истифодаи  шаклхои махсуси механизмхои  иктисоди (ба мисли даромад ва харочоти бучет) таъмин карда мешавад.

       Даромадхои  бучети манбаи асосии молиявии фаъолияти  давлат мебошанд.

       Харочоти  бучети бошад, хамчун воситаи конеъгардонии  талаботи умумидавлати истифода мешаванд.

       Яке аз вазифахои асосии бучети давлати  ташкил намудани раванди таксими  манбахои молияви, фарохамоварии таносуби муаияни сохахои иктисодиёт, вобаста ба талаботи бозорхои дохилию беруни ва вазифахои дар назди давлат истода мебошад.

       Дар мавриди банакшагирии бучети таносуби максадноки фондхои пулии мутамарказу  гаиримутамарказ аз чониби субъектхои моликият ба вучуд оварда мешаванд ва хиссаеро, ки ба ихтиёри бучет гузаронида, ё дар ихтиёри худ нигох медоранд, муаиян мекунанд.

       Чи  кадаре ки дар мавриди банакшагирии бучети таносуби таксими манбахои молияви  аз чихати илми хубтар асоснок карда шуда бошад, хамон кадар микдори сохнбкорон зиёд шуда, воридшавии манбахои молияви ба бучет афзунтар мегардад.

        

       1.2. Раванди бучетй дар мамолики хоричй

       Раванди бучети шакли асосии омузиш ва банакшагирии ташкилу таксим ва самараноку максаднок  истифодабарии манбахои молиявии мутамарказ мебошад.

       Раванди бучет на танхо маънои чамъ кардану  таксим намудани манбахои молиявиро  дорад, балки кисми фаъолияти  молиявие мебошад, ки дар асоси илм  бо максади таъмини инкишоф, хифзи  ичтимоии хамаи шахсони вокеи  ва танзиму таркиби иктисодиёт ба рох монда мешавад.

       Асоси онро танзими бучетхо ва дар баини  нохияхо азнавтаксимнамоии манбахои молияви ташкил медихад. Раванди  бучет тибки конунхои фаъолияти  ташкилотхои хукумати, идораи онхо оид ба тахия, барраси, тасдик кардан ва ичро намудани бучет ба рох монда мешавад.

       Раванди бучет чор давраи фаъолияти бучетиро дар бар мегирад.

       а) тахияи лоиха ва раванди ояндабинии бучет;

       б) баррасии бучет;

       в) тасдик кардани бучет;

       г) ичро кардани бучет.

       Тахия ва ичро кардани бучет вазифаи  хокимияти ичроия буда, баррасиву тасдик кардан ва назорати бучет вазифаи макомоти хокимияти конунгузор мебошад.

       Мувофики  конуни мазкур карорро нисбат ба тахияю тартибдихии бучет Президенти Точикистон 20 мох кабл аз саршавии соли молияви  кабул менамояд. Дар асоси карори мазкур Хукумати Чумхурии Точикистон давра ба давра тартибдихии лоихаи бучетро ба рох мемонад. Тибки ин карор дар давоми се мохи аввал макомоти хокимияти ичроия нисбат ба он чунин корхоро ба амал мебарорад:

       * тартибдихии лоихаи дурнамои  инкишофи ичтимоию иктисоди;

       * дурнамои тавозуни чамбасти молияви  барои соли навбатии молияви;

       * самтхои асосии сиёсати бучету  андоз, пулию карзи ва асъории  Точикистон;

       * барномаи кафолати давлати;

       * накшаи инкишофи бахши давлати;

       * сохтори карзи давлати;

       * барномаи карзгирии давлатии дохили ва беруни;

       * хисоботи ичрои тахминии бучет  дар соли чори.

       Тибки карори Хукумати Чумхурии Точикистон Вазорати молия субъекти тартибдихандаи лоихаи бучет хисобида мешавад.

       Вай дар асоси таклифхои ба бучет  пешниходгардида лоихаи бучети давлати, бучети чумхурияви ва бучетхои фондхои максадноки давлатиро барои соли навбатии молияви тартиб медихад ва онро то 20 сентябр ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд. Хукумати Чумхурии Точикистон мувофики тартиби мукарраршуда лоихаи пешниходгардидаи бучети давлати, бучети чумхурияви ва бучети фондхои максадноки давлатиро барраси намуда, оид ба ваи карори дахлдор кабул мекунад.

       Хукумати  Чумхурии Точикистон хар сол то 1 ноябр лоихаи бучети давлатиро барои  соли навбатии молияви ба баррасии Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход менамояд. Чунин тартиби пешниходи лоихаи бучети давлатиро моддаи 39 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи молияи давлати» пешбини намудааст. Лоихаи бучети пешниходшуда модда ба модда барраси мегардад, ки ваи метавонад кабул гардад, ё худ кабул нашавад.

       Дар асоси карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Президенти Точикистон хукук дорад, ки онро аник (сахех), мукаммал ва ё дакик намояд.

       Лоихаи  ислох ва такмилёфтаи бучет барои  мухокима ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон на дертар аз 3,5 мох то саршавии соли молиявии нав пешниход карда мешавад. Вакти нишондодашуда барои лоихаи бучетро барраси намудани комиссияи бучетии Мачлиси намояндагон зарур мебошад.

       Комиссияхои доимии бучети ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон лоихаи бучети тартибдодашударо аз рУи моддахо як ба як барраси намуда, оид ба онхо хулосаи худро пешниход менамоянд.

       Дар бораи лоихаи бучет дар ичлосияи Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли шахсан Президент ё бо дастури у яке аз аъзои хукумат маъруза мекунад.

       Маърузачии  иловаги хулосаи лоихаи бучети махалхоро (вилоятхоро) дар Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли барраси менамояд.

       Лоихаи  конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи  бучети давлатии Чумхурии Точикистон» барои соли навбатии молияви, ки аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон то 31-декабри соли равон кабул нашудааст, мавриди амал карор дода намешавад.

       Маблаггузории харочот мувофики харочоте, ки дар  конуни бучети давлатии соли гузашта тасдик шудааст, барои хар мох дар хачми 1/12 хиссаи он танзим мегардад.

       Баъд  аз он ки Мачлиси намояндагони Мачлиси  Оли лоихаро маъкул шуморид, Президенти кишвар ба конун дар бораи бучет  имзо мегузорад. Дар баъзе мавридхо Президент хак дорад барои баррасии дигарбора ва такмил лоихаи бучетро мавкуф гузорад.

       Назорати  ичрои бучети Чумхурии Точикистон ба зиммаи Мачлиси Оли ва макомоти ичроия, алалхусус Вазорати молия гузошта  мешавад.

       Назорати  бевоситаро комиссияи бучетии Мачлиси  намояндагон ба ухда дорад.

       Вазорати  молия баъди чамъбасту тахлили  хисобот дар бораи ичрои бучети чумхурияви, бучети махалли ва бучети фондхои максадноки давлати ба Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи вазъи  бучети давлати дар хар се мох  бо чамъбасти афзоянда гузориш пешниход менамояд.

       Дар рафти ичрошавии бучет хокимияти  ичроия хак дорад нисбат ба даромаду харочот тагиирот ворид намояд.

       Агар  дар рафти ичрошавии бучет  хачми касри он аз меъёри мукарраршуда зиёд бошад ва ё воридшавии даромад  ба бучет кам бошад, он гох механизми секвестори бучети истифода мегардад.

       Секвестори  бучети маънои онро дорад, ки бо кам  ворид шудани даромади бучети харочоти ваи низ мутаносибан (5,10,15 ва гаира  фоиз) кам карда мешавад. Моддахои химояшудаи бучет, музди кор, нафака, дорувори, хуроквори аз секвестори бучети озоданд.

       Раванди бучети он гох натичаи самараноки иктисоди дода метавонад, ки агар принсипхои зерини бучети риоя гарданд:

       - ягонагии системаи бучети давлати;

       - баробари (мувозинати)-и бучетхо;

       - истифодаи самарабахшу сарфакоронаи  маблагхои бучети;

       - таъиноту максаднокии маблагхои  бучети.

       1.3. Даромади бучети давлатй дар мамлакатхои хоричй

       Даромадхои  бучети раванди инъикоскунандаи  муносибатхои иктисодии баини давлату  корхона, ташкилот ва шахрвандон дар  чараёни фарохамоварии фондхои  бучетии мамлакат мебошанд. Ин муносибатхои иктисоди пардохтхои гуногунеро, ки корхонахо, ташкилотхо ва шахрвандон ба бучет интикол медиханд, ифода менамоянд. Манбахои молиявии дар бучет андухташуда аз чихати модди ифодакунандаи он муносибатхои иктисоди мебошанд.

       Даромадхои  бучети дар натичаи таксими арзиши мачмуи махсулоти милли дар баини  иштирокдорони гуногуни чараёни  такрористехсол ва воситаи минбаъдаи  таксими арзиши дар ихтиёри дав  лат буда сурат мегирад, ки барои  фарохамоварии фондхои бучетии  кишвар, соха ва фондхои таъиноти максаднок истифода мегарданд.

       Номгуи, сохти таркиби, меъёр ва тарзи  сафарбар намудани даромадхои бучети аз сохтори чамъияти, тамсилахои (модель) иктисоди бозории интихобшуда ва халли вазифахои мушаххаси иктисоди вобаста мебошанд.

       Хачм  ва микдори манбзхои молиявие, ки аз шахсони хукукию вокеи руёнида мешаванд, бояд имконияти амали намудани ухдадорихои иктисодию ичтимоии давлатро таъмин намоянд. Манбахои молиявие, ки дар ихтиёри шахсони хукукя боки мемонанд, бояд имконияти онхоро барои ба амал баровардани такрористехсоли васеъ, ракобатпазири, пардохтпазирию хифзи ичтимоии онхоро таъмин намоянд.

       Меъёрхое, ки мувофики онхо аз шахсони хукуки манбахои молияви ситонида мешаванд, бояд дар асоси даромаднокии миёнаи доирахои амал муаиян шуда бошад.

       Муносибатхои  иктисодии баини субъектхои моликиятро конунхои хукукию иктисодие, ки Мачлиси  намояндагон кабул менамояд, ташкил медиханд.

       Дар шароити бозор даромади бучетхо  асосан аз хисоби ду манбаъ: андоз ва пардохтхо таъмин мегардад.

       Дар кисми даромади бучети имрузаи Точикистон вазни киёсии андозхо 80-90 фоиз ва пардохтхо 10-20 фоизро ташкил медиханд.

       Табиати иктисодии андозхоро муносибатхои пулие, ки баини давлату шахсони  хукукию вокеи чои доранд, тасниф менамоянд.

       Муносибатхои  иулии дар баини субъектхои иктисоди чоидошта, объективи буда, таъиноти махсуси чамъияти доранд, ки мохияти онро сафарбарнамоии маблагхои пули ба ихтиёри давлат ташкил медихад. Бинобар ин, андоз хамчун мафхуми иктисодии дорои вазифахои хазинадорию иктисоди тахлил карда мешавад. Бо ёрии вазифаи молияви (фискали) фондхои бучети бунёд меёбанд.

       Вазифаи иктисодик андоз ва истифодаи  ваи ба давлат имкон медихад, ки суръати  такрористехсол ва инкишофро тезонад  ва ё онро сует намояд, андухти сармояро кувват дихад ва ё кам намояд, кобилияти харидории ахолиро васеъ ва ё махдуд созад.

       Намудхои  пардохти андоз, шаклхои мушаххаси  зохиршавии андоз хамчун категорияи иктисоди мебошанд, ки онро макоми конунбарории давлат муаиян намудааст ва кабули Кодекси андози Чумхурии Точикистон исботи он аст.

       Аз  нигохи ташкилию хукуки андоз пардохти хатмист, ки бо меъёр ва хачми муаияншуда дар мухлати дакикшуда ба бучет супорида мешавад.

       Шакл  ва навъхои андоз дар ягонаги  бо принсипхои бунёд ва метод хои  хисобкуни системаи андозро ташкил медиханд.

       Системаи  андоз вазифахои заилро ичро мекунад:

       - васеъ, ё худ махдудгардонии  фаъолияти сохибкори;

       - таъмини рушди иктисодиёт, ё худ  боздории чараёни он;

       - танзими иктисодиёт, ё худ бесарусомони;

       - ракобатпазири, ё худ аздастдихии  сегментхои бозор;

Информация о работе Мохияти ичтимо иктисодии бучети давлатии давлатхои хоричи