Автор: Пользователь скрыл имя, 28 Декабря 2010 в 18:55, доклад
Асадии Тӯсӣ аз нахустин шоироне форсигӯест, ки дар пайравии «Шэҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсй маснавии «Гаршоспнома»-ро навиштааст ва дар даврае, ки андешаи «ҳар куҷо бошад «Шифо», «Шаҳнома», гӯ, ҳаргиз мабош» торафт бештар паҳн мешуд, суннати ҳамосасароиро зинда нигоҳ доштааст. Ба ин обу ҳавои Тӯс, фазой фарҳангӣ ва сиёсии он, чунон ки дар вақташ ба Дақиқии Тӯсӣ ва Фирдавсии Тӯсӣ мадад намуда буд, мусоидат кардааст.
АСАДИИ ТУСИ
(1010-1072/73)
Асадии Тӯсӣ аз нахустин шоироне форсигӯест, ки дар пайравии «Шэҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсй маснавии «Гаршоспнома»-ро навиштааст ва дар даврае, ки андешаи «ҳар куҷо бошад «Шифо», «Шаҳнома», гӯ, ҳаргиз мабош» торафт бештар паҳн мешуд, суннати ҳамосасароиро зинда нигоҳ доштааст. Ба ин обу ҳавои Тӯс, фазой фарҳангӣ ва сиёсии он, чунон ки дар вақташ ба Дақиқии Тӯсӣ ва Фирдавсии Тӯсӣ мадад намуда буд, мусоидат кардааст. Вай дар зодгоҳаш дар даврони ҳукмронони маҳаллии Хуросон, ки суннатҳои пешини хешро пос медоштанд ва ба хонадонҳои навбаромади туркнажод, аз ҷумла Ғазнавиён нафрат доштанд, зиндагй ба cap бурдааст ва тавре ки аз асарҳояш, аз ҷумла маснавии «Гаршоспнома» ва қасидаҳои мунозирааш бармеояд, аз аҳли шуубия буд. Ва маҳз ба хотири пайрави шуубия буданаш ӯро маҷбур мекунанд, ки ҳангоми зери тасарруфи Ғазнавиён даромадани зодгоҳаш ба ғарби Эрон~ Озарбойҷон биравад ва дар дарбори ҳокими Нахҷавон Абӯдулафи Дайронӣ, ки ақидаи шуубия дошт, ба хидмат дарояд.
Аз рӯи гуфти шоир, ду нафар соҳибмансаби дарбори амири номбурда ӯро ба наздашон даъват мекунанд ва пешниҳод мекунанд, ки вай монанди ҳамшаҳри бузургаш Фирдавсй яке аз достонҳо аз номаи бостонро ба шеър орад барои шоҳи Нахҷавон, ки қадрдони онҳост ва қадрдони заҳмати шоирон. Муаллиф сӯҳбаташ бо он ду меҳтарро чунин баён доштааст:
Зи ҳар гуна роҳе фиканданд бун,
Пас он гаҳ кушоданд банди сухун.
Ки Фирдавсии Тӯсии покмагз
Бидодаст доди суханҳои нагз,
Ба «Шаҳнома» гетӣ биёростаст,
Бад-он нома номи накӯ хостаст.
Ту ҳамшаҳрӣ ӯрову ҳампешаӣ,
Ҳам андар сухан чобукандешаӣ,
Бад-он ҳамраҳ аз номаи бостон
Ба шеър op хуррам яке достон...
Ту з-ин достон ганце андар ҷаҳон
Бимонӣ, ки ҳаргиз нагардад ниҳон.
Зи кас ёди ин ганц бар дил маёр
Ҷуз аз шоҳи арронии шаҳрёр...
Ки то цойгаҳ ёфти Нахцавон,
Бад-ин шоҳ шуд бахти пират цавон.
Асадии Тусй худ эътироф намудааст, ки аз кирдори Гаршосп дар гузашта «яке номае буд ёдгор». Тахмин меравад, ки ӯ дар таълифи маснавиаш аз «Гаршоспнома»-и мансури Абулмуайяди Балхӣ ва китобе ҳам, ки бо номи «Китоби Гаршоспнома» ё «Ахбори Гаршоспнома» шӯҳрат дошта, ба унвони сарчашма истифода намудааст.
Муаллифи маснавии «Гаршоспнома» ба он ифтихор дорад, ки ӯ кореро мекунад, ки Фирдавсии нағзгӯй онро анҷом надода буд:
Ба «Шаҳнома» Фирдавсии нагзгӯй
Ки аз пеши гӯяндагон бурд гӯй.
Басе ёди разми ялон карда буд,
Аз ин достон ёд н-оварда буд.
Ниҳоле буд ин руста ҳам з-он дарахт,
Шуда хушку бебору пажмурда сахт.
Ман акнун зи табъам баҳор оварам,
Map ин шохи навро ба бор оварам.
Гузашта аз ин Асадии Тӯсӣ қаҳрамони худ Гаршоспро аз Рустам, ки чеҳраи адабии калидии «Шоҳнома» -и Фирдавсист, боло мегузорад ва мегӯяд:
Зи Рустам сухан чанд хоҳӣ шунуд,
Гумонӣ, ки чун ӯ ба мардӣ набуд?!
Агар разми Гаршосп ёд оварӣ,
Ҳама разми Рустам ба бод оварӣ.
Ҳамон буд Рустам, ки деви нажанд
Бибурдаш ба абру ба даре фиканд.
Сутӯҳе, ки Ҳомон ба гурзи гарон
Задаш даштбоне ба Мозандарон,
Забун кард Исфандёри далер,
Ба гуштиш овард Сӯҳроб зер.
Сипаҳдор Гаршосп то зинда буд,
Накардаш забун кас, на афканда буд.
Ба Ҳинду ба Руму ба Чин аз набард
Бикард, он чи Дастону Рустам накард.
Ҳол он ки ин ҳама «нотавониҳо»-и Рустам ва «тавоноиҳо»-и Гаршосп дар асл на аз бартариҳои қаҳрамони Асадии Тӯсӣ бар қаҳрамони Фирдавсй, балки аз нуқси умдаи он ба шумормеравад. Рустам дар тасвири муаллифи «Шоҳнома» бо он ки ҷаҳонпаҳлавони бемислу монанд аст, дар айни замбн мисли як одами хокӣ гоҳе мегиряду гаҳе механдад, дар ҷангҳояш бо девону душманон гоҳе дастболо мегардаду гаҳе зери даст, гаҳе зинсавор асту гаҳе зинбапушт. Ва маҳз бо ҳамин сифатҳояш ба дили хонандагон ва алоқамандонаш ҷой гирифтааст ва ҳама дар орзуи дидори ӯ мебошанд ва мехоҳанд, ки Рустам бошанд. Вале Гаршосп дар тасвири Асадии Тӯсӣ як нафарест, ки аз одами зиндаву воқеӣ бештар ба як ҷисми беҷон монандӣ дорад. Ҳамаро ба осонӣ ва содагӣ, бе ҳеҷ мушкил мағлуб мегардонад.
Асадии Тӯсӣ дар баёни чеҳраи қаҳрамонаш ва корнамоиҳои ӯ, чунон ки ба достонҳои ҳамосӣ, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Фирдавсй хос аст, аз муболиға фаровон истифода намудааст. Вале ӯ дар он ҳеҷ ҳаддеро риоя накардааст, муболиғаро ҳамеша аз иғроқ гузаронида, ба ғулув расонидааст. Барои намуна аз «Гаршоспнома» пораеро меорем, ки дар он аз ҷанги Гаршосп бо чаҳор бабри жаён сухан меравад:
Бигуррид чун тундар андар баҳор,
Ба кин рӯй бинҳод бар ҳар чаҳор.
Ба пеш
Ҷаҳон чун дурахшу хурӯшон чу абр.
Ду чашмаш зи кин чашмаи хун шуда,
Зи дунбол гардаш ба ҳомун шуда.
Сари чанг чун суфти алмоси тез,
Чу сӯзан ҳама мӯйи пушт аз ситез.
Хамонида дум чун камоне зи қир,
Ҳама нӯги дандон чу пайкони тир.
Дарафганда бонгаш ба ҳомун магок,
Зи кафкаш чу цатрон шуда рӯйи хок.
Зи дандон ҳаме рехт оташ ба цанг,
Зи хоро ҳамекард сӯҳон ба чанг.
Ба як панца рони таковар бибурд,
Бизад бар замш, гарданаш кард хурд.
Яке гурз зад паҳлавон бар сараш,
Ки зери замин бурд ними бараш.
Ба дигар шуду зад-ш захме дурушт,
Чунон к-аш зи сина бурун бурд пушт.
Севум бабр тез андаромад ба хашм,
Зи бас хашм чун лола бикшод чашм.
Ба даете
Ба даете
Ба зери лагад пок магзаш бирехт,
Чаҳорум давон сӯйи бета гурехт.
Бияндохт гурз аз пасаш паҳлавон,
Шикасташ ду пою бару паҳлувон.